Сохтмони биноҳои истиқоматӣ давом дорад
Душанбе, 22.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 603,2 ҳазор метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 120,7 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз Агентии омори назди Президенти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Аз ҷумлаи умумии биноҳои истиқоматии ба истифода додашуда қисми зиёдашон ба вилояти Суғд рост меояд. Дар ин ҷо 231,7 ҳазор метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.
«Сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар ҷумҳурӣ асосан аз ҷониби ниҳодҳои бахши ғайридавлатӣ сурат мегирад. Масалан, тайи давраи ҳисобот ниҳодҳои мазкур 543 ҳазор метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ бунёд намуданд, ки ин 90 фоизи ҳаҷми умумии онҳоро ташкил медиҳад», — зикр намуданд дар Агентии омори кишвар.
Ғайр аз ин, дар давраи ҳисобот 45 мактаби таҳсилоти умумӣ барои 7 430 хонанда ва ду муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1150 кӯдак ба истифода дода шуд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






