Спитамен: «Сарқонун-роҳнамои халқ»

Октябрь 23, 2014 14:55

Душанбе, 23.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар ноҳияи Спитамен бахшида ба 20-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ таҳти унвони «Сарқонун-роҳнамои халқ» баргузор гардид.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин ҳамоиш масъулони   мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия   ва роҳбарони ташкилоту идораҳо, намояндагони муассисаҳои фарҳангӣ, маориф ва тиб, кумитаи маҳаллаҳо ва фаъолон иштирок карданд. 
Иштирокдорон оид ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва таърихии Ватан, ифтихори ватандорӣ сухан ронда, таъкид намуданд, ки Сарқонун ба сифати қонуни олии давлат масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии ҷомеа, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби таъсис, доираи салоҳият ва фаъолияти мақомоти давлатиро муайян менамояд.  Маҳз давлати ҳуқуқбунёд зербинои асосии мавҷудияти ҳама гуна озодӣ мебошад.

Октябрь 23, 2014 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад