Суғд: зарар аз сӯхтор зиёда аз 2 млн. сомонӣ

Октябрь 23, 2014 15:33

Хуҷанд, 23.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар миқёси вилояти Суғд 260 ҳодисаи нохуши сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Тавре ки ба АМИТ “Ховар”  аз раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят иттилоъ доданд, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят 260 ҳодисаи нохуши сӯхтор ба амал омада, маблағи зарари он 2 миллиону 340 ҳазор сомониро ташкил дод. 
Дар натиҷаи ин миқдор сӯхтор  6 нафар ҳалок гашт. Сабабҳои асосии сар задани сӯхтор — ин  беэҳтиётӣ нисбат ба истифодаи таҷҳизоти гармидиҳии барқӣ ва нодуруст истифода бурдани таҷҳизоти гази моеъ мебошанд.  Инчунин дар ин давра дар маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд 39 адад сӯхтор рух додааст, ки маблағи зарари он 190 ҳазор сомониро ташкил дод. 
 
 

Октябрь 23, 2014 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад