Таҷлили 155- солагии Коста Хетагуров
Душанбе, 21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 20-уми октябри соли 2014 дар Маркази фарҳангию илмии Федератсияи Русия («Россотрудничество») бахшида ба 155-солагии асосгузори адабиёти Осетин Хетагуров Коста Леванович чорабинии ботантана аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии осетинҳо бо номи «Иристон» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур корманди Хадамоти муҳоҷират Абдуллоҳи Кодирӣ, мутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзӣ Суҳроб Абдуллоев ва намояндагони ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон иштирок доштанд.
Иштирокчиён дар бораи осору зиндагиномаи асосгузори адабиёти Осетин Коста Хетагуров сухан гуфта, аз саҳми ў дар адабиёт ёдовар шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






