Таҷлили 50-солагии Фарзона дар ДДХ

Октябрь 25, 2014 11:53

 
Душанбе, 25.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори 50-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи  Рӯдакӣ Фарзона маҳфили илмию адабӣ доир гардид.
Ректори ДДХ  Ғафурҷон Усмонов дар ин чорабинӣ зикр намуд, ки Фарзона пас аз итмоми зинаи нахустини таҳсилот дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба ҳалқаи донишандӯзони факултети филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод, имрӯза Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров  пайваст. Муҳаббат ба илм, меҳри омӯхтану маърифати арзишҳои волои илму адаб Фарзонаро ба он водор кард, ки пайваста дар маҳфилҳои устодони хеш фаъолона ширкат намуда, аз наслу табори суханварону суханпардозон, олимону омӯзгорон буданашонро бори дигар собит намоянд. 
Истеъдоди фитрӣ, дониши фаровон ва завқи афзун кардани саводи донишҷӯён Фарзонаро ба ҳалқаи ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ пайванд сохт. Аз ин рӯ, соли 1985 баъди гирифтани дипломи донишкада дар оғози фаъолият чанд муддат чун омӯзгори кафедраи байни факултавии психология ва солҳои 1989 — 1993 дар кафедраи адабиёти классикии донишгоҳ ба ҳайси омӯзгор ба таълими шогирдон машғул гардид.
Боиси ифтихор аст, ки то имрӯз Фарзона ба иродатмандону мухлисони ашъорашон маҷмӯаву китобҳои «Тулӯи хандарез», «Шабохуни барқ», «Ояти ишқ», «То бекаронаҳо», «Меъроҷи шабнам», «Қатрае аз мӯлиён», «Як ғунча роз», «Муҳри гули мино», «Сад барги ғазал», «Саду як ғазал», «Себарга», «Парниёни xон»  ва ғайраҳоро ҳадя намудааст. Мо аз он ифтихормандем, ки Фарзона ҳамчун парвардаи асили Донишгоҳ бо унвонҳои баланди кишвар, амсоли унвони олии Шоири халқии Тоҷикистон», Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Турсунзода, Ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон  (1994), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва ордени Шараф  сазовор гардидааст. Ва аз ҳама муҳимаш Фарзона муаллифи суруди донишгоҳ мебошад.
  Ҷумъбаой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд, Масъуди Аҳмадванд, раиси дафтари фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вилояти Суғд,  Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарманди мардумии Иттифоқи Шӯравӣ, Ҷӯрабек Набиев, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Мирсалим Ашӯров, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва дигарон устод Фарзонаро бо ҷашни нимасрааш табрик гуфтанд. 
Ҳамчунин дар маҳфил ду маърӯза «Устод Фарзона-шоири ғазалсарои тоҷик», аз ҷониби мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Неъматҷон Файзуллоев ва «Нодира гуфториҳои Фарзона» аз тарафи мудири кафедраи забони тоҷикӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдуҷамол Ҳасанов ироа гардид. 
 
 
 
 

Октябрь 25, 2014 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад