Таҷлили солгарди Конститутсияи Тоҷикистон дар Пекин
Душанбе, 29.10.2014. (АМИТ «Ховар»). – 24 октябр дар шаҳри Пекин ба ифтихори 23 – умин солгарди Истиқлолият ва 20 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси қабули расмӣ баргузор гардид.Тавре ки рӯзномаи «Женьминь жибао» хабар медиҳад, дар маросими ботантана роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Пекин, вазорату идораҳо, марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилотӣ, аҳли тиҷорат ва ҷамъияти Чин ширкат доштанд. Сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов зикр намуд, ки халқи тоҷик бо роҳбарии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин санаҳои таърихиро бо дастовардҳои нав дар бахшҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ истиқбол кард. Тоҷикистон тайи 23 сол душворию монеаҳои зиёдеро бартараф карда, тавонист, ки рушди устувори кишварро таъмин ва мавқеъҳои онро дар арсаи ҷаҳон мустаҳкам намояд. Конститутсияи Тоҷикистон, ки 20 сол муқаддам қабул шуда буд, дар ин дастовардҳо мақоми бузургро касб намуд. Муовини вазири корҳои хориҷии ҶМЧ Чэн Гопин дар навбати худ зикр намуд, ки ҷониби Чин ба муносибатҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аҳамияти бештаре дода, роҳи рушди интихобкардаи халқи тоҷикро дастгирӣ намуда, барои тараққию густариши кишвар мусоидат ва кӯмак мекунад.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






