Таъйини сафири нави Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон
Душанбе, 28.10.2014 (АМИТ «Ховар»).- Ҳю Филпот сафири нави Бритониѐи Кабир дар Тоҷикистон таъйин шуд ва ӯ сафири пештараи Бритониѐ Робин Орд-Смитро, ки ба хизмати нави дипломатӣ мегузарад, иваз хоҳад кард.
Филпот хизмати худро ба ҳайси сафири Бритониѐ дар Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2015 оғоз менамояд.
Филпот кори худро дар Вазорати корҳои хориҷии Бритониѐ соли 1980 шурӯъ кард ва дар давоми фаъолияти кориаш бо масъалаҳои гуногун, ба монанди Бехатарии байналмиллалӣ, ҳудудҳои бурунмарзӣ ва Шарқи наздик кор кардааст. Пештар ӯ дар шаҳрҳое, ба монанди Осло, Будапешт, Бағдод, Вашингтон ва Мускат фаъолият намудааст. Ҷаноби Филпот дар Вазорати рушди байналхалқии Бритониѐи Кабир бо пешниҳоди ѐрии техникӣ ба Русия хизмат кардааст ва ҳамчунин дар Вазорати соҳибкорӣ, инноватсия ва шуғли Бритониѐ фаъолият намуда, дар ин вазорат шабакаи илм ва инноватсияро сардорӣ намудааст. Дар бораи таъйин шудани худ ба ҳайси Сафири Улёҳазрат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳю Филпот гуфт: “Ман аз таъйин шудани худ ҳамчун сафири Улёҳазрат дар Тоҷикистон хеле хурсанд ва сарбаландам. Ман интизори оғози фаъолияти худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошам, ки аз сар вақтҳои рушди иқтисодии хеле хуб ва ҳаяҷоновар гузаронида истодааст. Ман хеле шодам, ки ба ман имконияти мустаҳкам кардани муносибатҳо бо Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи тоҷик дода шуд”.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






