Такмили малакаи касбӣ дар соҳаи шустани маблағ

Октябрь 29, 2014 10:26

Душанбе, 29.10.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Семинари дурӯза дар чорчӯбаи Барномаи минтақавии “Барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя” оид ба муқовимат ба ҷиноятҳои вобаста ба шустани маблағ ва коррупсия кори худро дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ оғоз намуд. Семинари мазкур бо дастгирии Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ташкил гардид. Семинарро коршиноси байналмиллалӣ оид ба мубориза бо шустани маблағи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Вена Оливер Гадни мегузаронад.Др семинар 10 корманди ҷавони агентӣ ва 5 аъзои Шӯрои собиқадорони агентӣ дониши худро дар доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла пешгирии шустани маблағ, ошкор намудани сарчашмаи маблағгузории терроризм ва ифротгароӣ, инчунин тафтиши ҳодисаҳои маблағгузории фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар алоқаманданд, такмил медиҳад.Гадни ба ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба гузаронидани семинари мазкур баҳои баланд дода, зикр намуд, ки ин дар кишварҳои аъзои Барномаи минтақавии “Барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя”семинари аввалин мебошад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.

Октябрь 29, 2014 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд