Таъмини амнияти биологӣ ва бехатарии озуқаворӣ
Душанбе, 22.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Аз тарафи олимони Институти масоили амнияти биологӣ доир ба назорати эпизоотологии бемориҳои бахусус хатарноки ҳайвонот, оид ба таъмини амнияти биологӣ ва бехатарии озуқавории ҷумҳурӣ, баҳодиҳии таҳдиди биологӣ, ташхис ва пешгирии бемориҳои сироятии ҳайвонот гузаронида шуда, барои аввал дар Тоҷикистон ташхиси бемории вирусии ҳорӣ бо усули силсилареаксияи полимеразӣ (СРП) ба роҳ монда шуд. Ҳолати эпизотикии ҷумҳурӣ нисбат ба бемориҳои лептоспироз, ҳорӣ, сияҳбод, сӯхтанӣ ва пастеррелёзи чорвои кишоварзӣ, тоуни чорвои хурди шохдор, бемориҳои микоплазмоз, зуком ва нюка нисбат ба бемориҳои лептоспироз, ҳорӣ, сияҳбод, сӯхтанӣ ва пастеррелёзи чорвои кишоварзӣ, тоуни чорвои хурди шохдор, бемориҳои микоплазмоз, зуком ва Нюкасли паранда омӯхта шуд
Тавре ки дар ин бора аз Академияи илмҳои кишоварзии кишвар хабар доданд, барномаи “Бунёди хазинаи ҷумҳуриявии хайлҳои микроорганизмҳои иллатангез барои солҳо 2014-2018”, ки аз ҷониби олимони институт таҳия гардид, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Гуфта мешавад, ки барои татбиқи барномаи мазкур дар Институти Маркази захираҳои миллии микроорганизмҳои касалиовар ва бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли маводи биологии ташхисию пешгирикунандаи бемориҳои сироятии ҳайвоноту парандаи кишоварзӣ, инчунин барои тайёр намудани заминаи истеҳсолии он дар институт “Бахши ғизои микробиологӣ” ва “Ҷонвархона” ташкил ва дар онҳо истеҳсол намудани муҳити ғизоӣ ба роҳ монда шуд








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






