Тараққиёти иҷтимоию иқтисодии Хатлон дар нӯҳ моҳ
Душанбе, 22.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Масъалаҳои марбут ба ҷамъоварии нақшаи андоз, ҷамъоварии ҳосили пахта, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ба қайд нагирифтани хоҷагиҳои деҳқонӣ, қарзи музди меҳнат, бе патент фаъолият намудани соҳибкорон, пешгирии ҳолатҳои фавқулода, нигоҳдории роҳҳои мошингард, омодагӣ ба фасли сармо, захираи маҳсулоти хӯрокӣ дар ҷамъияти матлуботҳои шаҳру ноҳияҳо, тасдиқи нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳо дар ҷаласаи васеи ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нӯҳ моҳи соли 2014, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Қурғонтеппа доир гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон ба масъулони соҳа дастур дод, ки ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷет тадбирҳо андешида, барои барзиёд иҷро шудани нақша, роҳ надодан ба афзоиши бақияпулиҳо, пурра таъмин кардани иҷрои қарорҳои қабулгардида, ба итмом расонидани корҳои баҳисобгирии молу амвол ва замини наздиҳавлигӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари Давлат дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон, таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ чораҳои таъсирнокро амалӣ намоянд.
Раиси вилоят ҳамчунин ҷиҳати рафъ намудани камбудиҳои ҷойдошта ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор дастуру супоришҳо дод.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






