Ташкили шароит барои сайёҳон дар Тоҷикистон

Октябрь 31, 2014 10:40

Душанбе, 31.10.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Субҳи имрўз раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо гурўҳи коршиносони Коорпаратсияи байналмилалии молиявии Бонки ҷаҳонӣ дар бахши туризм баҳри таҳлили фаъолияти соҳибкории меҳмонхонаҳо ва рушди ҳамкории минбаъда дар ин соҳа мулоқот намуд. 
Бино ба иттилои Кумитаи мазкур дар мулоқот Аҳтам Абдуллозода ба коршиносони Бонки ҷаҳонӣ Камал Баракат ва Эсин Йилирим имкониятҳои туристии Тоҷикистонро вобаста ба таъсиси бизнеси меҳмонхонавӣ ва қабули бештари сайёҳони саргузаштӣ дар ҷойҳои дурдасти кишвар ва Шоҳроҳи бузурги Абрешим бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳри беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон, сармояи баргардонидашуда арзёбӣ намуда, бонки мазкурро барои дастгирии ин лоиҳа дар Тоҷикистон даъват намуд. 
Гуфта мешавад, ки коршиносони байналмилалӣ имкониятҳои туристии Тоҷикистонро ояндадор арзёбӣ намуда, эътимод ба ҳамкории минбаъда ва таҳлили амиқи натиҷаҳои сафарро умедворкунанда арзёбӣ намуданд. 
Ёдрас мешавем, ки дар ояндаи наздик чунин меҳмонхонаҳо дар Шоҳроҳи бузурги Абрешим сохта мешаванд, ки он заминаи асосии ҷалби сайёҳон ва ба ҳам овардани фарҳанги миллатҳо мегардад.
 
 

Октябрь 31, 2014 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд