Ташрифи намояндагони доираи тиҷоратии кишвари Олтой ба Суғд
Душанбе, 28.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дирӯз ҳайати расмии намояндагони доираи тиҷоратии кишвари Олтойи Федератсияи Русия ба вилояти Суғд ташриф овард.
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мулоқоти муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ бо ҳайати расмии намояндагони доираи тиҷоратии кишвари Олтой сурат гирифт. Дар мулоқот аз ҳамкориҳои самараноки вилояти Суғд ва кишвари Олтой изҳори хушнудӣ шуда, оид ба густариши ҳамкориҳо мубодилаи назар доир гашт.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят, пас аз ин мулоқот дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд вохӯрии иқтисодию тиҷоратӣ байни корхонаҳои вилояти Суғд ва кишвари Олтой баргузор шуд. Сипас ҳайати расмии намояндагони доираи тиҷоратии кишвари Олтой аз Минтақаи озоди иқтисодии Суғд дидан намуд.
Имрӯз меҳмонон бо фаъолияти маркази таълимӣ-истеҳсолии “Шероз” , корхонаҳои “Нассоҷи Хуҷанд”, “Фаровон — 1”, “Қолинҳои Қайроққум” шинос шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






