Таъсиси фонди «Ҳаёти шоиста» дар СҲИ

Октябрь 27, 2014 10:49

Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Мо аз ҳамкориҳои пурсамар бо Бонки Исломии Рушд қаноатмандем ва умедворем, ки бо васеъ шудани доираи имкониятҳои он ҳаҷми ҳамкориҳои мо низ дар бахшҳои мухталифи иқтисод, аз ҷумла рушди инфрасохтор, бахши тиҷорат, дастгирии соҳаҳои маорифу тандурустӣ вусъати бештар пайдо мекунанд ва ба рушди иқтисодиёт, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум мусоидати фаъол мерасонад»,-гуфт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми якуми сармоягузорӣ дар доираи Нақшаи амали Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки имрӯз ба кори худ оғоз кард. Мувофиқи изҳороти сессияи 12 — уми Ҳамоиши сарони кишварҳои исломӣ маблағгузории Фонди Ҳамбастагии Исломӣ оид ба рушд барои қабул ва татбиқи лоиҳаҳои паст кардани камбизоатӣ 1,9 миллиард долларро ташкил медиҳад. Зарур аст, ки аз ҳисоби ин фонд, аз ҷумла аз ҳисоби Барномаи энергияи таҷдидшаванда барои камбизоатҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳаи милливу минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ маблағҳои кофӣ ҷудо шаванд.«Дар стратегияи созмон ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ диққати махсус дода мешавад, ки ин ҳамзамон барои рафъи камбизоатӣ муҳим аст, зеро ҳамчун кишвари камдаромади аз лиҳози озуқаворӣ танқисикашанда арзёбӣ гардидани 30 мамлакати аъзои созмон наметавонад, ки боиси нигаронии мо нагардад.Аз ин рӯ, тавре ки шумо медонед, бо ин мақсад Созмони исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ бунёд ёфта, фонди «Ҳаёти шоиста» дар ҳаҷми 100 миллион доллар бо ташаббуси бевоситаи Волоҳазрат Амири Давлати Кувайт таъсис дода шудааст»,-таъкид дошт Сарвари давлат.

Октябрь 27, 2014 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа