Таъсиси марказҳои ҷавонон аз ҷониби СҲИ дар Душанбе

Октябрь 27, 2014 11:55

Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Рӯзи 25-уми октябри соли равон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо ҳайат ва котиби генералии Созмони ҳамкориҳои исломӣ Ияд Амин Маданӣ мулоқот намуд.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳоро дар самти рушди имконоти иҷтимоии ҷавонон тавассути  таъсиси марказҳои ҷавонон аз ҷониби созмони мазкур ва инчунин густариши ҳамкориҳоро дар риштаи туризм низ баррасӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо дар охир ба мувофиқа расиданд, ки барои боз ҳам пурсамар роҳандозӣ кардани ҳамкориҳо дар риштаи туризм ва дигар ҳамкориҳои кумита бо созмони мазкур мутасаддии махсус таъйин кунанд.

Октябрь 27, 2014 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд