Тавсияҳо оид ба татбиқи технологияҳои гуногуни ҳифзи хоку об
Душанбе, 21.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тибқи итттилои Академияи илмҳои кишоварзии кишвар олимони Институти хокшиносӣ мунтазам ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар шаклҳои истифодаи замин дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба беҳтар намудани ҳосилхезӣ, пешгирӣ аз таназзул ва дубора шӯршавии хокҳо дастуру тавсияҳо пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ноҳияи Хуросон ва Стансияи таҷрибавии хокшиносӣ-мелиоративии Вахш қитъаҳои таҷрибавӣ оид ба интихоби зироатҳои кишоварзии ба шӯрӣ тобовар ва ҳосилнокии онҳо таҳқиқоти илмӣ соли дуюм аст. ки идома доранд.Инчунин дар водии Рашт ба як силсила хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Тоҷикобод оид ба истифодаи самараноки замин ва ҳосилхез намудани хок ва тарзи истифодаи нуриҳои минералӣ дастуру тавсияҳо дода шуданд.Дар асоси таҳқиқоти соли гузашта имсол ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Файзобод дастурҳо оид ба татбиқи технологияҳои гуногуни ҳифзкунандаи хок. сарфакунандаи об ва нигоҳдорандаи намӣ дода шуда, то имрӯз дар хоҷагиҳо татбиқ шуда истодаанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






