Тирпарронӣ миёни Ҳиндустону Покистон

Октябрь 21, 2014 17:02

Душанбе,21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Дирӯз дар натиҷаи задухӯрд миёни низомиёни Ҳиндустон ва Покистон дар минтақаи баҳсбарангези Кашмир 2 кас ҷароҳат бардошт. Мувофиқи иттилои расида, захмиён низомиёни покистонӣ мебошанд. Даргирӣ дар навоҳии Камолкут Урӣ сурат гирифта, гуфта мешавад тирпарронӣ сараввал аз сӯи низомиёни Покистон шурӯъ шудааст. Душанбе,21.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ҳукумати Туркия ба артиши кишвараш иҷозат дод, ки дар қаламрави Ироқу Сурия амалиёти ҳарбиро пиёда кунад. Бояд гуфт, ки оид ба ин масъала қариб ҳамаи аҳзоби Туркия аз қарори порлумон пуштибонӣ карданд.Ҷоизи зикр аст, ки гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” қисми низомии артиши Ироқро дар вилояти Анбор забт ва танку зиреҳпӯшҳои онро аз худ карда ва наздик ба пойтахти кишвари Ироқ шудаанд. Дар Сурия ҷангиён ба хатти муҳофизати курдҳо рахна зада, тадриҷан ба дарунтари шаҳраки Кубонӣ, воқеъ дар марзи Туркия ворид мешаванд. Душанбе,21.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз дар шаҳри Ченҷови Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷашнвораи анъанавии муҳорибаҳои тан ба тан оғоз гардид. Гуфта мешавад, ки барои тамошои ин мусобиқаи мароқовар ҳазорҳо нафар сокинони мамлакат ва сайёҳони хориҷӣ ташриф овардаанд. Душанбе,21.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар минтақаи наздисоҳилии шаҳри Пертаи Австралия наҳанги обӣ ба як сокини ин минтақа ҳамла намуда, ӯро ба қатл расонид. Ҳукуматдорон барои пешгирии аҳолӣ тадбирҳои оҷилӣ меандешанд. Тибқи иттилои расида ин бори дуюм аст, ки наҳанг ба инсон дар ин минтақа ҳамла менамояд.Душанбе,21.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳии дирӯз ҳукумати ИМА бо қароре ба давлаташ ворид шудани 6 мансабдори Маҷористонро манъ кард. Тибқи қонунгузории нави кишвар Амрико ном ва насаби шахсони таҳти таҳрим қарор доштаро пинҳон медорад. Душанбе,21.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои Би-Би-Си дар қисми шимолии Бангладеш садамаи нақлиётии ду автобус ба амал омада, дар он 20 нафар ба ҳалокат расида, 30 тани дигар ҷароҳати гуногун бардошт. Ҳодиса дар минтақаи Натор, 220 километр дуртар аз пойтахти кишвар- шаҳри Дакка ба амал омадааст.

Октябрь 21, 2014 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад