Туҳфаи Барномаи рушди СММ ба мактаб-интернати нобиноён

Октябрь 23, 2014 16:02

Ҳисор, 23.10.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Дирӯз шодию хурсандии кӯдакони нобино ва сустбини мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Ҳисор интиҳо надошт, зеро бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни Тоҷикистон ва бо маблағгузории Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ба талабагони мактаб-интернат китобҳои дарсӣ туҳфа гардиданд.
Ба ин муносибат дар ин ҷо чорабинии хотирмон барпо шуд. Директори давлатии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Наримаса Шима Мура, директори Маркази миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба безараргардонии минаҳо Муҳаббат Иброҳимзода, раиси Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни Тоҷикистон Т. Давлатов, директори мактаб-интернати мазкур Сурайё Солиева ва дигарон сухан гуфтанд.
Теъдоди китобҳои туҳфашуда 261 адад буда, он чор намуди китобҳои дарсиро ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки дар мактаб-интернати номбурда 168 нафар кӯдак аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ бо тамоми шароитҳои таҳсил ва фароғат фаро гирифта шудааст.
 

Октябрь 23, 2014 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд