Вохӯриҳои роҳбари ВКД ҶТ дар Федератсияи Русия
Душанбе, 24.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҳошияи сафараш ба шаҳри Маскав бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи ВКД Русия воқеъ дар шаҳри Маскав таҳсил доранд, вохӯрд.
Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, Рамазон Раҳимзода донишҷӯёнро даъват намуд, ки барои ба даст овардани илму дониш саъю кӯшиш карда, ба ҳайси мутахассисони лаёқатманд ба Ватан баргарданд. Вазири корҳои дохилӣ зимни ҷавобҳояш ба саволҳои донишҷӯён итминон дод, ки барои ҳалли проблемаҳои рӯзмарраи онҳо чораҳои зарурӣ дида мешаванд.
Вазир ҳамчунин дар маросими мизи мудаввар дар мавзӯи «Раванди танзими мақоми ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатии байни Русия ва Тоҷикистон», ки дар ҳошияи форуми чоруми байнипарлумонӣ дар толори Донишгоҳи ба номи Ломоносови шаҳри Маскав баргузор гардид, иштирок намуд.
Ғайр аз ин Рамазон Раҳимзода ба ҳайси узви ҳайати Ҳукумати кишвар дар маросими вохӯрии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо муовини аввали Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Шувалов ширкат намуда, нуқтаи назарашро аз рӯи масоили ҳамкорӣ дар муборизаи зидди ҷинояткорӣ иброз дошт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






