Вохӯрии С.Аслов бо Ҳ.Шмидт
Душанбе, 22.10.2014 (АМИТ «Ховар»).- 21 октябри соли 2014 дар доираи сафари худ ба шаҳри Брюссел вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини Дабири кулли Хадамоти аврупоии умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Ҳелга Шмидт мулоқот барпо намуд.
Зимни мулоқот мусоҳибон раванди рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ карда, инчунин оид ба масоили мубрами минтақавию ҷаҳонӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо инчунин ҷараёни корҳои тадорукотӣ барои баргузор намудани ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланди Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ оид ба амниятро, ки дар шаҳри Душанбе дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар назар аст, муҳокима карданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






