Ёрии Ҷопон ба аҳолии ВМКБ
Душанбе, 30.10.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). — «Лоиҳаи сохтмони неругоҳи хурди барқ дар ноҳияи Роштқалъа», ки Ҳукумати Ҷопон барои амалӣ шудани он 92 ҳазору 958 доллари ИМА ҷудо карда буд, дар ҷамоати «Тусиён» ба мавқеи иҷро расид.Тавре ки аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷамоати «Тусиён» муддати дароз кифоят накардани неруи барқро ҳис карда ва он боиси талафоти иқтисодӣ ва бад шудани шароити зиндагии аҳолии маҳаллӣ мешуд. Неругоҳи нави барқӣ имкон медиҳад, ки беш аз 200 хонавода ва соҳибкорони маҳаллӣ бо барқ таъмин шаванд.Чанде пеш дар ноҳияи Ишкошим низ «Лоиҳаи беҳдошти беморхонаи марказии ноҳия» анҷом ёфт. Барои татбиқи лоиҳаи мазкур кӯмаки молиявии ройгон ба маблағи 122 ҳазору 957 доллари ИМА тахсис ёфта буд. Бо истифода аз ин маблағ бинои беморхонаи марказии ноҳия таъмир шуда, бо таҷҳизоти нави зарурӣ таъмин гардид.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






