Заминаҳо барои нашри дуюми «Китоби сурхи Тоҷикистон»

Октябрь 23, 2014 15:30

Душанбе, 23.10.2014. (АМИТ, «Ховар», Назири Назир).- 22-юми октябри соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Комиссия оид ба ҳайвоноту набототи нодире, ки зери хавфи маҳвшавӣ қарор доранд, доир гардид.
Дар ҷаласа  мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист,  коршиносону олимони Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, институтҳои ботаника, физиологияву генетика ва зоологияву паразитологияи АИҶТ иштирок доштанд. 
Дар нишаст доир ба масоили  «Заминаҳои асосӣ барои таҳия ва нашри дуюми «Китоби сурхи Тоҷикистон», ҳамчунин баррасии рӯйхати намудҳои нодири олами набототу ҳайвоноте, ки зери хавфи маҳвшавӣ қарор доранд ва бори аввал ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» ворид мешаванд,  табодули афкор сурат гирифт. 
Дар интиҳо комиссияи мазкур доир ба масъалаи баррасишаванда қарори дахлдор қабул намуд. 
 
 

Октябрь 23, 2014 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад