«Авруосиё моем!» — 2014
Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия, Агентии федералии умури ҷавонон ва ҳукумати вилояти Рязан аз 26 октябр то 1 ноябр дар шаҳрҳои Маскав ва Рязан ҷашнвораи ҷавонону донишҷӯёни кишварҳои минтақаи ҳамсоягии неки «Авруосиё моем!» баргузор гардид.
«Авруосиё моем!» ҳамоиши байналмилалиест, ки беш аз 200 нафар намояндагони 33 кишвар аз ҷумлаи роҳбарони созмонҳои ҷавонон, журналистон, сиёсатмадорони ҷавон, ходимони илму фарҳанги кишварҳои фазои Авруосиё, ҳамчунин донишҷӯёни муҳассили донишкадаҳои олии Федератсияи Русияро ҷамъ овард.
Яке аз вазифаҳои барномаи мазкур иборат аз барқарор намудани равобити мустақими ҳайатҳои намояндагони ҷавони доираҳои ҷамъиятию сиёсии ИДМ, кишварҳои Балтия, Обҳозистон ва Иристони Ҷанубӣ мебошад.
Натоиҷи татбиқи лоиҳа дар бахши рушди ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ, гуманитарӣ ва фарҳангию сайёҳӣ, ташаккули симои мусбати Русия дар байни намояндагони ҷавони давлатҳои хориҷӣ мавриди истифода қарор мегиранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






