Баргузории «Навои Ватан» миёни сохторҳои қудратӣ

Ноябрь 3, 2014 11:40

Душанбе, 03.11.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Рӯзи 1-уми  ноябри соли равон дар Кохи фарҳангии «Ҷомӣ» фестивали ҷумҳуриявии сурудҳои ватандўстонаи «Навои Ватан» миёни сарбозони сохторҳои қудратии мамлакат ба муносибати 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 
 Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар фестивали мазкур дастаҳои ҳунарӣ аз ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Тоҷикистон ва Бригадаи 6593 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. 
 Гуфта мешавад, ки дар поёни Фестивали  мазкур раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абуллозода барои иштироки фаъолона ба ҳамаи қисмҳои низомӣ ибрози минаддорӣ намуд. Номбурда аз афсарону сарбозони шуҷои   Ватан даъват кард, ки барои  амнияту оромии кишвар ва ҳифзи марзу буми он ҳамеша омода бошанд. Аҳтам Абуллозода дар рўҳияи тантанавӣ туҳфаҳои хотиравиро ба иштирокҷиёни фестивал супорид.
 
 

Ноябрь 3, 2014 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад