Баррасии имкониятҳои туристии ноҳияҳои дурдаст
Душанбе, 03.11.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Гурўҳи мутахассисони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти байналмилалии ғайридавлатии ACTED ва Асотсиатсияи туризм дар ҷомеаи асосёфтаи Тоҷикистон барои рушди минъбадаи туризм дар маҳал ҷиҳати шиносоӣ ва таҳлили имкониятҳои туристӣ, рушди инфрасохтор, ташкили марказҳои ҳунарҳои мардумӣ ва расонидани маълумоти зарурӣ вобаста ба мафҳуми соҳаи сайёҳӣ ба ноҳияҳои Ҷиргатол ва Мӯъминобод сафар намудк Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи мазкур хабар доданд, ҳадаф аз ин сафар баррасии имкониятҳои туристии ин ноҳияҳои дурдасту дорои захираҳои бойи туристӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ тавассути ҷалби бештари сайёҳон ба туризми таърихиву фарҳангӣ ва экологиву кўҳнавардии минтақаҳои мазкур мебошад. Ба иттилои манбаъ, имрўзҳо ба кишвар бештар сайёҳони саргузаштӣ ташриф меоранд, ки мақсадашон истодан дар хонаҳои алоҳидаи мардуми оддӣ ва шиносоӣ бо фарҳанг, маданият, урфу одат, расму оин ва пухтани таомҳои миллии тоҷикона мебошад. Гуфта мешавад, ки дар ояндаи наздик шумораи чунин хонаҳои алоҳида дар кишвар ба маротиб зиёд хоҳад шуд, ки аз ин тариқ сатҳи нукуаҳволии мардум бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон беҳбуд хоҳад ёфт.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






