Бузургдошти Ҳамадонӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 1.11.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Дар мактаби тозабунёди президентӣ барои хонандагони лаёқатманди шаҳри Кӯлоб конфронси илмӣ- адабӣ бахшида ба 700- солагии олим ва мутафаккири шарқ Мир Саид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, кормандони шуъбаи маорифи минтақа ва омӯзгорону толибилмони муассисаи мазкур иштирок намуданд. Зикр шуд, ки Мир Саид Алии Ҳамадонӣ яке аз ситорагони олами маонӣ ба ҳисоб рафта, улуми замони хешро пурра аз худ карда буд.
Ӯ дар давоми фаъолияташ даҳҳо асарҳои пурмазмун эҷод намудааст, ки дар тарбияи ахлоқии насли наврас ва ҷавонон таъсири мусбат хоҳад расонид.
Бояд гуфт, ки асарҳои эҷоднамудаи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ пур аз панду ҳикматҳо буда, ғояҳои ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, хештаншиносию мардонагӣ, покию поксириштӣ ва дӯстиву рафоқатро дар бар мегиранд. Зикр шуд, ки ҷашн гирифтани 700- солагии олиму мутафаккири бузурги Шарқ бори дигар аз сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон башорат медиҳад ва маҳз бо ҳамин восита метавон гузаштагони хешро ба насли оянда ва ҷаҳониён муаррифӣ кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






