Чкалов: Тақдими 5 дастгоҳи қолинбофӣ ба мактаб-интернат
Душанбе, 1.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Аз ҷониби Кумитаи имдоди Имом Ҳумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вилояти Суғд ба мактаб-парваришгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Чкалов 4 дастгоҳи хурд ва 1 адад дастгоҳи калони қолинбофӣ ҳадя шуд.
Гуфта мешавад, ки дар маросими супоридани туҳфаҳо Фирдавс Ашӯматов, роҳбари Кумитаи имдод дар вилояти Суғд, мудири шуъбаи маорифи шаҳр, мудири бахши кор бо занон ва оила ва сардори бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Чкалов иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки дар вилояти Суғд бо ташаббуси раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳунарҳои миллӣ аз нав эҳё гардида истодаанд ва ин иқдоми кумита ба хотири тақвият бахшидани ташаббуси раиси вилоят роҳандозӣ гардидааст.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






