Дармонгоҳи тиббии РВКД дар Хуҷанд

Ноябрь 10, 2014 10:14

Хуҷанд, 10.11.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шаҳри Хуҷанд дармонгоҳи тиббии кормандони макомоти корҳои дохилӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар расми ифтитоҳи дармонгоҳ вазири корҳои дохилии ҶТ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, собиқадорони соҳа ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд.Бояд гуфт, ки дармонгоҳи тиббӣ дар муддати кӯтоҳ бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, роҳбарияти вилоят ва соҳибкорони ватанӣ навсозӣ ва таъмиру таҷдид шуд.Дармонгоҳи мазкур, ки аз ду ошёна иборат аст, бо тамоми таҷҳизоти муосир ва ба талабот ҷавобгӯ муҷаҳҳаз буда, он барои ташхису табобат ва хизматрасонии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва тамоми сохторҳои қудратӣ пешбинӣ гардидааст. Инчунин дармонгоҳ дорои ҳуҷраҳои корӣ, утоқҳои табобатӣ, асбобҳои ташхисӣ ва таҷҳизоти тиббии ҳозиразамон мебошад.

Ноябрь 10, 2014 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад