Г. Саидова чӣ тавр иҷозаи ба Русия рафтанро пайдо намуд?

Ноябрь 3, 2014 11:15

Душанбе, 03.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тавре ки аз Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷират Дӯстмурод Умбаров хабар дод, моҳи августи соли равон шаҳрванди Тоҷикистон Гулҷаҳон Саидова, ки аз ҳудуди Русия берун шуда буд, ба Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ бо ариза муроҷиат намуда, хоҳиш намуд, ки барои баргаштан ба назди фарзандони ноболиғаш, ки дар Федератсияи Русия мебошанд, иҷозати вуруд диҳанд.  Бино ба гуфтаи Саидова, вайро мақомоти интизомии Русия бинобар сабаби вайрон намудани қоидаҳои будубош аз қаламрави ин кишвар маҷбуран ба муддати 5 сол берун кардаанд.Кормандони хадамот дар асоси аризаи мавсуф ба роҳбарияти Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия ҷиҳати мусоидат мактуби расмӣ ирсол намуданд.Аз тарафи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ба Гулҷаҳон Саидова имконияти дубора ворид шудан ба Федератсияи Русия дода шуд.Дар айни замон мавсуф дар назди фарзандонаш қарор дорад.

Ноябрь 3, 2014 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!