Конститутсия шиносномаи давлат аст

Ноябрь 3, 2014 10:54

Душанбе, 03.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Конститутсия (Сарқонун) санади олии меъёрӣ-ҳуқуқӣ, шиносномаи давлат, ҳуҷҷати тақдирсоз буда, муайянкунандаи сохт ва шакли давлатдорӣ мебошад. Аслан дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон дар амалияи давлатдорӣ барои пешрафт ва идораи ҷамъият сохторҳои идораи муайянеро истифода менамоянд, ки дар инкишоф, сулҳу суботи давлат саҳми босазо мегузоранд. Барои ҳамин дар баробари соҳибистиқолол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таҳияи чунин қонуни асосии давлат, яъне Конститутсия ба миён омад. Ҳамаи олимони ҳуқуқшинос ва сиёсатмадорони давлат алалхусус Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хулоса омаданд, ки барои ба танзим даровардани тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ чунин Конститутсияро барои мардум пешкаш намоянд, ки минбаъд давлати навини Тоҷикистон ба мақсадҳои ниҳоии худ дар болоравии иқтисодиёт, иҷтимоиёт баромадан аз сатҳи камбизоати мардум ҷиҳати ободӣ ноил гарданд.Бино ба гуфтаи Диловаршоҳ Давлатов, роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Роғун, дар он вақт вазъият низ он қадар хуб набуда, гурӯҳҳои мухолифин низ амал мекарданд ва ихтилофҳои зиёд ҳам дар байни омма мавҷуд буд.Таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи нав пас аз баргузории Сессияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав оғоз гардид. Сессияи мазкур дар барқарор гаштани сохти конститутсионии кишвар нақши бузург бозид. Танҳо дар шароити вазъи солими ҷомеа, фаъолияти мўътадили сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ қабули Конститутсия имконпазир буд. Аз ин ҷиҳат, Конститутсияи ҳоло амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи амалӣ гаштани қарорҳои таърихии сессияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 1994 ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия гардид. Ҳангоми пешбарии лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокимаи халқ санади муҳими тақдирсоз будани он аз нав эҳсос гардид, зеро Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати санади тақдирсози давлату ҷомеа дар пешрафти минбаъдаи кишвар ва муайян намудани сарнавишти халқи Тоҷикистон заминаи муҳими ҳуқуқиро ба вуҷуд меовард. Дар муддати зиёда аз ду моҳи муҳокимаи лоиҳа бештар аз ҳашту ним ҳазор пешниҳод аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба Шўрои Олӣ ворид гардид. Ҳамзамон, лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби як зумра мутахассисони кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британиёи Кабир, Русия ва чанд кишвари дигар баҳои сазовор гирифт. Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилал низ ба лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Натиҷаи расмии раъйпурсӣ чунин буд: дар 64 ҳавзаи овоздиҳӣ 2685724 шаҳрванд ба рўйхат гирифта шуда, дар раъйпурсӣ 2535437 нафар ё ки 94,4 фоиз ширкат варзид. Ба тарафдории Конститутсия 2352554 нафар ё ки 87,59 фоиз, муқобили Конститутсия 105300 нафар ё ки 3,92 фоиз овоз доданд. Бо ҳамин натиҷа Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 аз ҷониби мардуми кишвар маъқул дониста шуда, қабул гардид.Дар 20 соли қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон волоияти қонун, сулҳу субот, ҳувияти миллӣ, худшиносии миллӣ, ваҳдати миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба дараҷаи баланд пеш рафт. Аз ин лиҳоз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Инчунин дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикисон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шаклҳои давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.

Ноябрь 3, 2014 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд