ММТ: Бақайдгирии донишҷӯён ба ДДХ
Душанбе, 1.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён ба гурӯҳҳои пулакии Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) ба номи Моёншо Назаршоев қабули донишҷӯён ба донишгоҳи мазкур ба роҳ монда мешавад.
Вобаста ба ин, аз 3-юм то 8 ноябри соли 2014 бақайдгирии довталабон доир мегардад. Хоҳишмандон метавонанд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ сабти ном гарданд ва дар имтиҳонҳо иштирок карда, мувофиқи тартиби муқарраргардида ба ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси натиҷаҳои бадастоварда тақсим шаванд.
Имтиҳонҳо 11-ум ва 12-уми ноябр аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ (дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ) ва шаҳри Душанбе доир мешаванд. Макони баргузории имтиҳонҳо дар шаҳри Душанбе вобаста ба шумораи хоҳишмандон баъдтар муайян мешавад.
Барои маълумоти бештар метавонед бо телефонҳои 224 53 66, 224 53 67, 224 53 68 ва ё тавассути почтаи электронии марказ office@ntc.tj дар тамос шавед.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






