Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ
Кӯҳистони Мастчоҳ, 1.11.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо нафароне, ки нав аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд, мулоқот анҷом доданд. Мақсади мулоқот пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ, бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ, ки аз Барномаи ҲХДТ бармеояд, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, паст кардани сатҳи камбизоативу бекорӣ, пешгирӣ намудани сафари ҷавонони бе касбу кор ба муҳоҷирати меҳнатӣ, баргардонидани онҳо ба Ватан ва таъсиси хоҷагиҳои инфиродиву оилавӣ буд.
Иштирокдорон иқдомҳои шоистаи Президенти кишвар ва раиси вилоятро ҷонибдорӣ намуда, бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки дар амалӣ гаштани ин ҳадафҳо саҳми арзанда мегузоранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






