Мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо роҳбари Хадамоти федералии назорат
Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ ).- Чанде пеш бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон дар «Роспотребнадзор» мулоқоти роҳбари Хадамоти федералии назорати бахши ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳбуди инсон Анна Попова бо ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардухтури давлатии санитарии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров баргузор гардид.
Назар ба хабари Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ¸ ҷонибҳо сатҳи баланди ҳамкории байни «Роспотребнадзор» ва муассисаҳои салоҳиятдори Тоҷикистонро, ки мақсад аз он таъмини беҳдошти санитарию эпидемиологии аҳолии ҳар ду кишвар аст, қайд намуданд.
Ғайр аз ин, зимни мулоқот мавзӯи барномаҳои ёрии Русия, ки мақсад аз онҳо мубориза бо бемориҳои сирояткунанда дар кишварҳои ИДМ, аз ҷумла дар Тоҷикистон аст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо омодагии худро ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории Русия ва Тоҷикистон, аз ҷумла бо усулҳои ташкили мулоқоти корию илмӣ, семинарҳо ва табодули таҷриба дар мубориза бо бемориҳои сирояткунанда иброз доштанд.








ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






