Мусодираи аслиҳаи оташфишон

Ноябрь 3, 2014 12:23

Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Муқаддас  Темурзода ).- Кормандони  милиса ҳодисаҳои   хилофи  қонун   нигоҳ доштани  аслиҳаи  оташфишонро  ошкор  намуданд. Мувофиқи  маълумоти  ВКД  ҶТ,  дар  ҳудуди  ноҳияи  Рӯдакӣ  аз  сокини  35 —  солаи  шаҳри  Душанбе  Ҳазратқул  Файзиев  таппончаи  «Макаров» бо  тирдонаш  мусодира гардид. 
Сокини   шаҳри  Душанбе  Амонулло  Шарифов, ки  дар  шаҳри  Хуҷанд  муваққатан  сукунат  дорад, аз  халтаи биринҷ як таппончаи  тамғаи  «Макаров»  ва  панҷ  тирро  пайдо  намуда,  онҳоро  ба кормандони  милиса  супурд. 
Дар  ҷараёни  амалиёти  дигари  махсус  шаҳрванд Исмоилҷон  Саидов бо  гумонбари  хилофи  қонун  пинҳон  доштани  аслиҳа  дастгир  шуд. Маълум  гардид, ки  мавсуф  аслиҳаи  оташфишонро  соли  2008  дар  шаҳри  Норак  аз Ҷумъа  ном  марде харидааст.
Аз  рӯи  ҳодисаҳои  зикршуда  парвандаҳои  ҷиноӣ  кушода,  тафтишот  идома  дорад.

Ноябрь 3, 2014 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад