Намояндагони Тоҷикистон ба Тошканд мераванд
Душанбе, 03.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ду нафар нозири тоҷик ҷараёни баргузории интихоботи парлумонии Ӯзбекистонро, ки 21 декабри соли равон баргузор мегардад, мушоҳида мекунанд.
Абдуманнон Додоев -роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ /КМИР/дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки нозирони тоҷик — Юсуфбек Шодмонбеков -аъзои КМИР ва Мирзо Ашӯров, сармутахассиси КМИР буда, дар ҳайати нозирони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷараёни баргузории интихоботи палатаи поёнии Парлумони Ӯзбекистонро мушоҳида менамоянд. Интизор меравад, ки намояндагони КМИР-и Тоҷикистон 19 декабри соли равон озими Тошканд гарданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






