Пирӯзии варзишгарони тоҷик дар муҳорибаҳои омехта

Ноябрь 18, 2014 16:04

 
Душанбе, 18.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Аз 10 то 17 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта байни калонсолон  доир гардид. Дар ин чемпионат варзишгарон  аз 37 давлати ҷаҳон иштирок  намуданд.
Тавре ки раиси Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Осиё  Собир Каримов иттилоъ дод, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқаи бонуфуз се нафар варзишгари тоҷик иштирок намуд.
Дар вазни 65 кило Бахтибек Каримов аз намуди гӯштингирӣ ва  намуди омехта медали биринҷӣ ва нуқра ба даст овард. Маҳмуд Қурбоналиев дар вазни 80 кило аз намуди омехта бо медали нуқра сазовори ҷои  дуюм гардид ва варзишгари дигари тоҷик  Баҳриддин Сироҷов дар вазни 85 кило бо медали биринҷӣ соҳиби ҷои сеюм гардид.

 

Ноябрь 18, 2014 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад