Рӯзи дарҳои кушодаи «AccessBank Tajikistan»
Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Ҷамъияти пӯшидаи саҳҳомии «AccessBank Tajikistan» бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии амонатгузор дар намояндагиҳояш Рӯзи дарҳои кушодаро доир намуд. Ин чорабинӣ дар ҳошияи Барномаи такмили саводи молиявии аҳолӣ роҳандозӣ шуд.
Дар чорабинӣ муштариёни «AccessBank», ҳамчунин истифодабарандагони намояндагиҳои бонк иштирок доштанд.
Сардори шуъбаи хидматрасонии муштариёни намояндагии «AccessBank Tajikistan» Комила Сайисмонова дар ҳузури иштирокдорони семинар сухан карда, аз ҷумла аҳамияти рушди барномаи такмили саводи молиявии аҳолиро қайд намуд. Ҳамаи иштирокдорони семинар ба саволҳояшон посух гирифта, дар озмуни махсус иштирок намуданд.
Иштирокдорони фаъоле, ки ба саволҳо аз рӯи саводи молиявӣ дуруст ҷавоб доданд, бо инъомҳои қиматбаҳо қадр шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






