Р. Раҳимзода: «Конститутсия- чароғи фурӯзон дар роҳи рушди давлат»
Душанбе, 03.11.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Ҳафтаи сипаригардида дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 20-умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири корҳои дохилии ҶТ Раҳимзода Рамазон Ҳамро чорабинии идона баргузор гардид.
Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар чорабинии мазкур ҳамчунин Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Рустам ва як гурӯҳ ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ, меҳмонон ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд.
Р. Раҳимзода ҳозирин ва тамоми ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро бо фарорасии 20-умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ табрик намуд.
Мавсуф зикр кард, ки: «Яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1994 ба вуқуъ пайваст.
Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва моддӣ-маишии сокинони кишвар дигаргунӣ ва пешрафтҳои зиёд ба вуҷуд омаданд, ки имрӯз онҳо боиси ифтихор ва сарафрозии сокинони кишваранд.
Маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба натиҷаҳои баланди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, рушду инкишофи соҳаи илму маориф, пешрафти саноату кишоварзӣ, бунёди биноҳои истиқоматию хизматрасонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ноил гардид.
Бо шарофати қабули Конститутсияи Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, ҷаҳониён онро ҳамчун як кишвари бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангдӯст шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар месозад.
Сарқонуни ҶТ ҳамчун ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум, воқеан санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин менамояд».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






