Риояи қонун-кафили зиндагии шоиста

Ноябрь 3, 2014 09:45

Душанбе, 3.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо ва иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар қонунҳои ҷорӣ дар шаҳри Чкалов тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ба иттилои сомонаи расмии раиси вилояти Суғд, тибқи нақшаи муштараки масъулини бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, прокуратураи шаҳр ва  шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар шаҳри Чкалов вохӯрӣ бо аҳолӣ ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр дар мавзӯи “Риояи қонун-кафили зиндагии шоиста” доир шуда истодааст.
Гуфта мешавад, ки мулоқоти навбатии масъулин бо сокинони маҳаллаҳои “Сулҳ” ва “Гулистон” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и шаҳр баргузор шуд ва дар он роҷеъ ба масъалаҳои риояи қонунҳои мазкур- исрофкорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ изҳори назар шуд.
 
 

Ноябрь 3, 2014 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд