Таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ (Русия) дар Душанбе

Ноябрь 3, 2014 12:24

Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-  Чанде  пеш  дар  Маркази  илму  фарҳанги  Русия  воқеъ дар  шаҳри  Душанбе  Рӯзи  ваҳдати  миллӣ (Русия)  баргузор  гардид. 
Ин  чорабинӣ  бо  ибтикори  Иттифоқи  занони  ҳамватанони  русиягии   Тоҷикистон  бо   дастгирии   Сафорати  Русия  дар  Тоҷикистон,  «Россотрудничество» дар  ҶТ ва  Шӯрои  ҳамгироии ҳамватанони  русиягии  Тоҷикистон  роҳандозӣ  шуд.
Тавре  ки  аз   Иттифоқи  занони  ҳамватанони  русиягии  Тоҷикистон  хабар  доданд, муншии  аввали Сафорати  Русия  дар  Тоҷикистон  Виктор  Харченко,  муншии  сеюми  Сафорати  ФР  дар ҶТ  Игор  Ковалёв  муовини  роҳбари  намояндагии  «Россотрудничество»  дар  Тоҷикистон  Юрий  Исмоилов,  ҳамчунин намояндагони  Шӯрои  ҳамгироии  ҳамватанони  русиягии  ҶТ,  Ҷамъияти равобити  дӯстии  Тоҷикистон  бо  кишварҳои  хориҷӣ,  Вазорати  маориф ва  илми Тоҷикистон,  ҳукуматдорони  маҳаллии  шаҳри  Душанбе  иштирокдорони ҷашнвораро   табрик  намуданд. 
Раиси Иттифоқи  занони  ҳамватанони  русиягии  Тоҷикистон,   номзади  илми таърих  Сабоҳат  Раҳимзода зимни  маърӯзааш  таҳти  унвони «Мақоми  халқи  сермиллат, ки онро  таърих,  анъанот  ва  маънавият  ба  манзури таҳкими  мавқеъҳои  Русия  муттаҳид  сохтанд» зикр  намуд, ки  соли 2004 Думаи  Давлатӣ иди  нав  —  Рӯзи  ваҳдати  миллиро   таъсис  дода  буд, ки  он  ҳар  сол  4  ноябр  таҷлил  мешавад. 
Дар  ҳошияи ҷашнвора  мавзӯъҳои «Таҳкими  дӯстӣ ва равобити фарҳангии   халқҳои Тоҷикистон  ва  Русия»,  «Саҳми занони ҳамватан ба рушди  иқтисодиёти  Тоҷикистон», «Мақоми  васоити  ахбори омма  дар  муттаҳидии  ҳамватанон»,  «Тарбияи  ҷавонон  дар  рӯҳи  ифтихор аз  Ватан»,  «Аҳамияти  иштироки  ҷамоаҳои  Русия дар  Тоҷикистон  дар  амри таҳкими  мавқеъҳои  Русия»  ва  ғайра  муҳокима  шуданд.
Дар  анҷоми  ҷашнвора консерт  баргузор  гардид, ки дар  он  раққосону  сарояндагон  маҳорати  худро  намоиш  доданд.

Ноябрь 3, 2014 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад