Терминали нави ФБД пурра ба фаъолият шурӯъ мекунад
Душанбе, 01.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки 3 ноябр терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» пурра ба фаъолият шурӯъ намояд. Аз ин рӯ, рӯзҳои 1 ва 2 ноябр дар терминал мутахассисон корҳои озмоишию таҷрибавӣ гузаронида, дар ин рӯзҳо кормандони терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба мусофирон дар се хатсайр хизмат мерасонанд.
Муҳаммадюсуф Шодиев -масъули бахши матбуоти фурудгоҳи Душанбе мегӯяд, ки ба кор даромадани терминали нав барои кормандони «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» имтиҳони ҷиддӣ буда, он имкон медиҳад, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва ҳавопаймоҳо беҳтар карда шавад. Бояд тазаккур дод, ки терминали нави «Фрудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябр бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Терминали нав дар масоҳати 11 000 метри мураббаъ доман густурда, дар як соат ба 500 нафар ва дар як сол ба 1,5 миллион нафар мусофир хизмат мерасонад.
Терминали замонавии ФБД ҷавобгӯи талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO-International Civil Aviation Organization) буда, аз ҷониби ширкати фаронсавии «VINCI» бо харҷи 39 миллион евро сохта шудааст, ки беш аз 20 миллион евроро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намудааст. Дар бунёди терминлаи нав, ки сохтмонаш аз моҳи апрели соли 2013 оғоз гардид, дар қатори мутахассисони фаронсавӣ ҳамзамон мутахассисону сохтмончиёни маҳаллӣ саҳми арзанда гузоштаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






