Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин
Душанбе, 01.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- 30 октябри 2014 дар Пекин дар ҳошияи Вохӯрии чоруми вазирони корҳои хориҷии Раванди Истанбул оид ба Афғонистон мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Чин Ван И баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Хитой ва мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои иштироки ҳайати кишварамонро таҳти раҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гуфтугӯи шарикони Форуми ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, ки 7-8 ноябри соли ҷорӣ дар Пекин баргузор мегардад, баррасӣ карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






