«Мактаби занҳои роҳбар» барои донишҷӯдухтарон
Душанбе, 3.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Дар шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо донишҷӯдухтарони хобгоҳи №3-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва бо донишҷӯдухтарони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дара шуданд мавзӯи “Мактаби занҳои роҳбар” гузаронид.
Тавре ки аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, семинари мазкур баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016” ва бо мақсади баланд бардоштани малакаи роҳбарии занону духтарон гузаронида шуда, дар он зиёда аз 60 нафар донишҷӯдухтар аз курсҳои болоӣ ширкат варзид.
Дар семинари омӯзишӣ ба донишҷӯдухтарон оид ба роҳбарии занон дар самтҳои мухталиф, масъулиятшиносии онҳо, намунаи ҳамагон будан, навовар ва ҳамқадами замон будан, касби худро дӯст доштан ва дар ҷамъият мавқеъ доштан омӯзонида шуд. Дар навбати худ ҷонишҷӯдухтарон низ фикру ақидаи худро оид ба мавқеи зан-роҳбар иброз намуда, дар семинар фаъолона иштирок намуданд.
Баргузории чунин семинари омӯзишӣ оид ба мавзӯи “Мактаби занҳои роҳбар” дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






