Пирӯзии дастаи «Динамо»-и ВКД дар Туркия
Душанбе, 18.12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Ҳафтаи равон дар шаҳри Ризеи Ҷумҳурии Туркия мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини тарзи юнону румӣ баргузор гардид. Дар он варзишгарон аз давлатҳои Юнон, Гурҷистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Туркия иштирок намуданд.ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ варзишгарон аз Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ: Хайём Назаров дар вазни 54 килограмм, Ҳусейн Саидов дар вазни 35 килограмм, Муҳаммади Қурбоналӣ дар вазни 38 килограмм ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 32 килограмм муаррифӣ намуданд. Наврасони номбурда бар рақибонашон дастболо гардида, соҳиби ҷойҳои намоён шуда, ба Ватан баргаштанд.Қобили зикр аст, ки наврасони варзишгар таҳти роҳбарии довари Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД, подполковники милитсия Наврӯз Назаров пайваста тамрин менамоянд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






