Туризми варзишӣ дар Шӯрообод равнақ меёбад
Шӯрообод, 21.02.2015. (АМИТ «Ховар»,Сулаймони Хол).-Лижаронӣ аз намудҳои маъмули варзиш дар тамоми дунё ба ҳисоб меравад. Дар ноҳияи Шӯрообод соле қабл аввалин мактаби лижаронӣ ба фаъолият шурӯъ кард, ки то имрӯз дар ин мавзеъ чандин мусобиқаҳо дар масофаҳои гуногун гузаронида шуданд. Барои роҳандозии лижаронӣ дар ин ноҳияи кўҳистони мамлакат аз ҳисоби бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб то имрўз зиёда аз 40 адад лавозимоти лижаронӣ дастрас шуд ки минбаъд дар фасли сармо ин намуди варзишро дар ин мавзеъ ривоҷ мебахшанд.
Чанде қабл дар ноҳияи Шӯрообод мусобиқаи лижаронӣ миёни наврасону ҷавонон ва калонсолон дар се масофа гузаронида шуд ва дар ҷамъбаст ғолибону беҳтаринҳо бо ифтихорнома ва туҳфаҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шурообод сарфароз шуданд.
Масъулин итминон доранд, ки шавқмандони ин намуди варзиш дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб хеле зиёданд. Аз ин рӯ онҳо ният доранд, ки ин мавзеи лижарониро ба талаботи стандартӣ мувофиқ намуда, дар баробари рушди туризми варзишӣ сафи варзишгарони лижаронро зиёд намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






