Ғолибони «Шукуфаҳои баҳор» муайян шуданд
Душанбе, 4.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар арафаи Рӯзи модар дар шаҳри Кӯлоб озмуни «Шукуфаҳои баҳор» баргузор гардид. Озмун бо ибтикори Бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба хотири Соли оила эълон шудани соли 2015 миёни муассисоти олӣ, таълимию тандурустии шаҳр баргузор шуд. Ҳадафи озмун дарёфти чеҳраҳои нави ҳунар, эҳёи урфу одат ва суннатҳои мардумӣ буда, иштирокчиён аз рӯи нуҳ шарт аз назарсанҷии ҳакамон гузаштанд.
Ҳамин тариқ, ҷои аввалро дар озмун донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб касб карданд. Ҷои дуюм насиби донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгорӣ ва мақоми сеюм насиби шуъбаи маорифи шаҳр гашт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






