Қазоқистон: Озмуни байналмилалии ҳимояи лоиҳаҳои илмӣ
Душанбе, 5.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон озмуни байналмилалии ҳимояи лоиҳаҳои илмӣ аз фанҳои математика ва иқтисодиёт баргузор гардид.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар он аз 27 давлати дунё хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, ки дар озмуни байналмилалӣ 6 нафар хонандаи Мактаби президентии шаҳри Чкалов- 2 нафар аз фанни математика ва 4 нафар аз иқтисодиёт ширкат варзид.
Дар ҷамъбасти озмун 2 нафар соҳиби ҷойҳои дуюм ва медалҳои нуқра ва 4 нафар соҳиби ҷойҳои сеюм ва медалҳои биринҷӣ гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






