Қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори нақдӣ
Душанбе, 06.03.2015.( АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар чанд рӯзи ҳафтаи равон қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ баланд шуда, ба ҳисоби миёна 5,9930-6,0110 сомониро ташкил намуд.
Дар ин давра қурбҳои миёнаи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ каме баланд шуда, мувофиқан ба 0,0960-0,0970 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,5990-6,6210 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, 5 март қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе 6,0330-6,0480 сомонӣ, Хуҷанд 6,0500-6,0700 сомонӣ ва Қурғонтеппа 6,0400-6,0600 сомониро ташкил намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






