Ҳафтаи синамои тоҷик дар Озарбойҷон

Март 5, 2015 14:37

Душанбе, 05.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- Рўзҳои 10 то 14 марти соли 2015, бо ибтикори Сафорати ҶумҳурииТоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ «Ҳафтаи синамои тоҷик» баргузор хоҳад шуд. 
Ин чорабинии муҳим гувоҳи ҳамкориҳои судманди соҳаи фарҳанги ҳар ду кишвари дўст буда, таҳким бахшидан ва вусъат додани ҳамбастагиҳои мусоиди соҳавӣ, инчунин шиносонидани дастовардҳои синамогарони тоҷикро ҳангоми офаридани филмҳои бадеӣ, ҳуҷҷатӣ, бачагона  дар даврони мухталиф бори дигар ба намо мегузорад.
Дар  чорабинии фарҳангӣ синамогарони тоҷик филмномаҳои ҷолиберо, аз қабили «Муаллим», «Рустам ва Суҳроб», «Ман бо духтаре вохўрдам», «Танҳо осмон баланд аст», «Гунҷишки сафед», «Мўъминобод», «Кўлоб», «Даҳшати ҷанг», «Тақдири шоир» ва «Ойинаи беҷило» ҳамчун дастовез ба армуғон овардаанд, ки метавонанд писанди ҳаводорони ҳунар дар Озарбойҷон гарданд.
 

Март 5, 2015 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд