Ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе,06.03.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Китоби дарсии раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода ва роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода таҳти унвони «Ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз чоп баромад.
Китоби «Ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси қонунгузории амалкунанда, дастовардҳои навини илми ҳуқуқи оилавӣ ва таҷрибаи судиву байналмилалӣ дар ин соҳа бо назардошти меъёрҳои таълимии давлатӣ омода гардидааст.
Дар китоби мазкур масъалаҳои асосии ҳуқуқи оилавӣ, аз қабили предмет ва методи ҳуқуқи оилавӣ, вазифаҳои он, танзими ҳуқуқии ақди никоҳ, муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ, уҳдадориҳои алиментдиҳӣ, фарзандхонӣ, васояту парасторӣ ва дигар падидаҳои ҳуқуқи оилавӣ бо такя ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор дода шудаанд.
Китоб ба донишҷӯён, аспирантҳо, омӯзгорони факултаи ҳуқуқшиносӣ ва шахсоне, ки ба институтҳои ҳуқуқи оилавӣ ва низоми муосири ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд, тавсия мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






