Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия

Март 5, 2015 10:33

 
Душанбе, 5.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории меҳнатию иқтисодӣ 4 март дар шаҳри Маскав доир шуд. Ҷонибҳо масоили  вусъат додани ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, молия, коммуникатсия, энергетика ва нақлиёт, инчунин маориф баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи хосса ба масоили ҳамкориҳо оид ба масъалаи танзими муҳоҷирати меҳнатӣ равона гардид. Лаҳзаи муҳими ҷамъомад ҷараёни татбиқи  созишномаҳои қаблан ба дастомада миёни ду давлат буд. Ҳайати намояндагони Тоҷикистонро дар ҷамъомади мазкур Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва  ҷониби Русияро муовини аввали Сарвазири ин кишвар Игор Шувалов роҳбарӣ мекарданд.
   Зимни ифтитоҳи ҷамъомади байниҳукуматӣ, И. Шувалов аз рушди муносибатҳои дуҷониба, махсусан дар бахши тиҷорату иқтисод изҳори қаноатмандӣ кард. Вай зикр кард, ки мубодилаи мол миёни ду кишвар дар соли 2014 ба таври назаррас афзуд. Шувалов гуфт, ки оид ба  таҳвили маҳсулоти меваю сабзавот аз Тоҷикистон ба Федератсияи Русия созишнома ба имзо расид. Назар ба қавли ӯ, Русия имконпазир будани пешниҳоди Тоҷикистонро  дар мавриди ҷудо гардидани қарзи грантӣ барои ташкили марказҳои омӯзиши забони русӣ ва мактабҳои русӣ дар марказҳои ноҳияҳои Тоҷикистон баррасӣ менамояд.   
Ҳамчунин Шувалов таъкид намуд, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар соли 2014 соҳиби патент шудаанд, бояд ба мақомоти Хадамоти Федералии Русия муроҷиат кунанд ва имконият дода мешавад, ки ин муҳоҷирон дар муддати як моҳ, бе баромадан аз ҳудуди Русия, патенти навро ба қайд гиранд. 
Қ. Расулзода дар навбати худ зикр кард, ки Тоҷикистон барои муколамаи васеъ бо Русия-шарики дерини стратегии худ ҷиҳати вусъат ва таҳкими муносибот дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ омода аст.  Вай зикр кард, ки ҳаҷми табодули мол миёни Тоҷикистону Русия дар соли 2014 ба андозаи 37% зиёд шуда, 1,2 млрд. долларро ташкил дод. 
Дар мулоқот ҳамчунин аъзои комиссияи байниҳукуматии ду давлат сухан гуфта, ҳар кадоме аз онон доир ба соҳаҳои худ дар мавриди ҳолати ҳамкорӣ миёни Русияю Тоҷикистон маълумот пешниҳод карданд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъомад нишасти матбуотӣ баргузор шуд, ки дар он роҳбарони ҳайатҳо дар мавриди созишномаҳое, ки зимни ҷамъомади навбатии комиссияи байниҳукуматӣ  ба даст оварда шуданд, изҳори назар карданд. 
Ҳамзамон дар ҷаласа масоили ворид намудани тағйиру  иловаҳо ба созишномаҳои дуҷонибаи танзимкунандаи масъалаҳои муҳоҷират, амалисозии иқдоми муштарак дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи созишномаҳои нав, бознигарӣ  ва ҳалли масоили вобаста ба  мамнӯъияти вуруди муҳочирони мехнатӣ  ба қаламрави ФР, ки конуншиканиҳои соддаи маъмурӣ доранд, хусусан донишҷӯён ва унвонҷӯёни илмӣ баррасӣ шуданд. Барои бунёди марказҳои логистикии нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар ҶТ, бастабандии  ҷавобгӯ ба талаботи муосир ва содироти меваю сабзавоти Тоҷикистон ба Русия  мувофиқа ба даст оварда шуд.
 
 
 
 
 

 

Март 5, 2015 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд